Дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
1. Сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши мансабӣ – 4409,90 сомонӣ;
2. Сардори раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, маоши мансабӣ – 4409,90 сомонӣ;
3. Муовини сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши мансабӣ – 3438,05 сомонӣ;
4. Муовини сардори раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, маоши мансабӣ – 3438,05 сомонӣ;
5. Ёвари сардори Хадамот, маоши мансабӣ – 2434,85 сомонӣ;
6. Мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, маоши мансабӣ – 2434,85 сомонӣ;
7. Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ;
8. Сармутахассиси раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ;
9. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ;
10. Мутахассиси раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ;
12. Мутахассиси пешбари раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ;
13. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ;
14. Мутахассиси пешбари бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ;
15. Мутахассиси бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
16. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Нуробод, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ;
17. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сангвор, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ;
18. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
19. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
20. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
21. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
22. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
23. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Ҳисор, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
24. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
25. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
26. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Варзоб, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
Раёсати иҷро дар ВМКБ
27. Мутахассиси пешбари раёсат, маоши мансабӣ – 1599,40 сомонӣ;
28. Мутахассис, маоши мансабӣ – 1390,40 сомонӣ;
29. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансабӣ – 1947,20 сомонӣ;
30. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Дарвоз, маоши мансабӣ – 1529,60 сомонӣ;
31. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мурғоб, маоши мансабӣ – 2375,60 сомонӣ;
32. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рушон, маоши мансабӣ – 1529,60 сомонӣ;
33. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Роштқалъа, маоши мансабӣ – 1536 сомонӣ.
Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
34. Мудири бахши молия ва иқтисод, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ;
35. Мутахассиси раёсат, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ;
36. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
37. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
38. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
39. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
40. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Истаравшан, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
41. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
42. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Спитамен, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
43. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Деваштич, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
44. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
46. Сардори раёсат, маоши мансабӣ – 3814,25 сомонӣ;
47. Мутахассиси раёсат, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ;
48. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хатлон, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.
49. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
50. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
51. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
52. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ёвон, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- расми 4х6 – 2 дона, 9х12 – 1 дона;
- тарҷумаи ҳол (дастнавис ва чопӣ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи диплом бо замимааш;
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ аз мақомоти андоз;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- рақами ягонаи суғуртавӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- хислатнома;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- ҷузвдон (скорошиватель);
- лифофа.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сардори раёсат
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир(компютер).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахши молия ва иқтисод
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис ва иҷрочии калони мақомоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва иҷрочии мақомоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи И.Сомонӣ 8 (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 3-юм) дар давоми 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун қабул карда мешавад.
Телефон барои тамос: 2-28-98-29; 2-28-98-36.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
НОМГӮЙИ
САВОЛҲОИ ОЗМУН ДАР
ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон :
1. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
2. Дар бораи забони тоҷикӣдар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст?
3. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
4. Кадом ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд?
5. Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
6. Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад?
7. Моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
8. Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
9. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад?
10. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна ҳифз мешаванд?
11. Баробарии мардон ва занон дар куҷо муқаррар шудааст?
12. Моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
13. Дар бораи дахлнопазирии манзил дар Конститутсия чӣ гуфта шудааст?
14. Шаҳрванд аз чандсолагӣ ҳуқуқи интихоб намудан дорад?
15. Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар райпурсӣ иштирок карданро надоранд?
16. Шаҳрванд кадом ҳуқуқҳоро доро мебошад?
17. Моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
18. Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
19. Дар бораи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
20. Тартиби таъин ва интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21. Дар бораи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
22. Тартиби интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якдигар чӣ фарқ доранд?
24. Кӣ вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва ё таъин шуда метавонад?
25. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
26. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя номбар намоед ?
27. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ.
28. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон.
29. Дар ҶТ киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?
30. Кадом қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман қабул карда мешаванд?
31. Тартиби қабули қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
32. Кӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда метавонад?
33. Президенти ҶТ боз кадом вазифаҳоро ишғол мекунад?
34. Муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
35. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
36. Санадҳои Президент кадомҳоянд?
37. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳоянд?
38. Вазифаҳои Ҳукумат аз чӣ иборат мебошанд?
39. Санадҳои Ҳукумат кадомҳоянд?
40. Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.
41. Мақомоти намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия кадом мақомот мебошад?
42. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кадом мақомот мебошад?
43. Дар ВМКБ кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад?
44. Дар ҶТ адолати судӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад?
45. Муҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?
46. Кӣ ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ё таъин шуда метавонад?
47. Кӣ ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе таъин мешавад?
48. Дар бораи Суди конститутсионӣ маълумот диҳед.
49. Салоҳиятҳои Суди конститутсионӣ кадомҳоянд?
50. Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ чӣ гуна ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд?
51. Прокурори генералӣ дар назди кӣ масъул мебошад?
52. Муҳлати ваколати прокурори генералӣ чанд сол аст?
53. Мақомоти прокуратура кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
54. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия чӣ гуна ворид карда мешаванд?
55. Райпурсии умумихалқиро кӣ таъин мекунад?
56. Моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
57. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мухтасар маълумот диҳед.
58. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро.
59. Принсипҳои истеҳсолоти иҷро.
60. Ҳуҷҷатҳои иҷро кадомҳоянд?
61. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷро.
62. Муҳлатҳои гузаронидани амали иҷро.
63. Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор.
64. Асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурӣ нисбати қарздор.
65. Чораҳои маҷбурие, ки баҳри таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро бояд амалӣ карда шаванд кадомҳоянд?
66. Асосҳо барои рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро.
67. Ҳуҷҷати иҷро кадом маълумотҳоро дар бар мегирад?
68. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иҷрочиро шарҳ диҳед.
69. Асосҳо барои татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ нисбати қарздор кадомҳоянд?
70. Асосҳо барои қатъ намудани истеҳсолоти иҷро.
71. Тарафҳои истеҳсолоти иҷро кӣ ба ҳисоб меравад?
72. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои истеҳсолоти иҷро?
73. Асосҳо барои баргардонидани ҳуҷҷати иҷро.
74. Ҷавобгарии нигаҳбонии молу мулки қарздор.
75. Ҳамкории иҷрочиёни мақомоти иҷро бо кормандони милитсия.
76. Тартиби муайян намудани қарздории алиментӣ.
77. Тартиб ва мӯҳлати нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул ва ғайриманқули таҳти гарав қарордоштаи қарздор.
78. Тартиби иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба кӯчонидани қарздор.
79. Тартиб ва муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани ҷарима дар асоси ҳукми суд.
80. Тартиби иҷрои ҳукми суд дар хусуси мусодираи молу мулк.
81. Молу мулки шаҳрвандон, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро онҳоро ситонидан мумкин нест кадомҳоянд?
82. Тартиби иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷрои санади судӣ вобаста ба маскун намудани ситонанда ба манзили истиқоматӣ.
83. Тартиби ситониш аз музди меҳнат.
84. Тартиби кофтукови қарздор ва молу мулки он чӣ гуна аст?
85. Рад намудан дар истеҳсолоти иҷро.
86. Тартиби рӯйхат гирифтан ва нархгузории молу мулки қарздор.
87. Оид ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кутоҳ маълумот диҳед.
88. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом вазифаҳоро амалӣ менамояд?
89. Ҳуқуқҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
90. Хадамот кадом уҳдадориҳоро иҷро менамояд?
91. Дар кадом ҳолатҳо иштироки шахсони холис ҳатмӣ мебошад?
92. Киҳо шахсони холис буда наметавонанд?
Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»
93. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовима ба коррупсия» кутоҳ маълумот диҳед?
94. Коррупсия чист?
95. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия кадомҳоянд?
96. Мамониятҳо барои таъин намудан ба мансабҳои давлатӣ.
97. Мамониятҳо вобаста ба иҷрои мансабҳои давлатӣ кадомҳоянд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
98. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» кӯтоҳ маълумот диҳед?
99. Намудҳои муроҷиатҳо кадомҳоянд?
100. Таклифҳо гуфта чӣ гуна муроҷиатҳо фаҳмида мешавад?
101. Аризаҳо чӣ гуна муроҷиат мебошанд?
102. Шикоятҳо чӣ гуна муроҷиат мебошанд?
103. Шикояту аризаҳои такрорӣ кадомҳоянд?
104. Кадом муроҷиатҳо муроҷиатҳои беном мебошанд?
105. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чӣ қадар аст?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
106. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мухтасар маълумот диҳед.
107. Амали Қонуни мазкур нисбати киҳо татбиқ мегардад?
108. Амали Қонуни мазкур нисбати киҳо татбиқ намегардад?
109. Низоми хизмати давлатӣ.
110. Принсипҳои хизмати давлатӣ кадомҳоянд?
111. Мақоми ваколатдори хизмати давлатӣ кадом мақом аст?
112. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
113. Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом мансабҳо ташкил медиҳанд?
114. Категорияҳои мансабҳои давлатиро шарҳ диҳед.
115. Синни қабул ба хизмати давлатӣ.
116. Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан.
117. Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби кадом мақомот муқаррар карда мешаванд?
118. Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ.
119. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ.
Саволҳо доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм
120. Мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
121. Мафҳуми «давлати ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
122. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шаванд ?
123. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шаванд ?
124. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад ?
125. Мафҳумҳои «терроризм» ва «амали террористӣ» шарҳ дода шаванд ?
126. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд ?
127. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд ?
128. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 маълумот пешниҳод карда шавад ?
129. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот пешниҳод карда шавад ?
130. Мафҳумҳои «экстремизм» ва «сепаратизм» шарҳ дода шаванд ?
131. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд ?
132. Субъектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштироккунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд ?
133. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод карда шавад ?
134. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот пешниҳод карда шавад ?
135. Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот пешниҳод карда шавад ?
136. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад ?
Шуъбаи кадрҳо
ва таъминоти ҳуқуқӣ