Дастгоҳи марказӣ:
1. Сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, маоши вазифавӣ – 2115,8 сомонӣ;
2. Мутахассиси пешбари раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳуҷҷатҳои иҷро, маоши вазифавӣ- 1286,56 сомонӣ;
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
3. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ;
4. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ;
5. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ;
Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
6. Сармутахассиси Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, маоши вазифавӣ –1361,20 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари раёсати иҷро дар вилояти Суғд, маоши вазифавӣ – 1170,30 сомонӣ;
8. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, маоши вазифавӣ- 1361,20 сомонӣ;
9. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ;
10. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, маоши вазифавӣ- 1170,30 сомонӣ;
11. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, маоши вазифавӣ- 1170,30 сомонӣ;
Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
12. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, маоши вазифавӣ – 1286,5 сомонӣ;
13. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Хатлон,маоши вазифавӣ – 1170,30 сомонӣ;
14. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, маоши вазифавӣ – 1062,40 сомонӣ.
15. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ.
16. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, маоши вазифавӣ – 1062,40 сомонӣ.
Шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
17. Сармутахассиси шуъбаи иҷро дар ВМКБ, маоши вазифавӣ – 1427,60 сомонӣ;
18. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, маоши вазифавӣ – 1361,20 сомонӣ.
19. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, маоши вазифавӣ – 1427,60 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол (дастнавис ва чопӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш;
- расми 4х6 – 2 дона, 9х12 – 1 дона;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ аз мақомоти андоз;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- хислатнома;
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.
Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои давлатиихизмати давлатӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- собиқаи умумии меҳнат ва таҷрибаи кор аз рӯи ихтисос;
- донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва малакаи кор бо компютер;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд);
- барои ишғоли мансабҳои холии сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, барои ишғоли мансаби сармутахассис ва иҷрочии калон 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, барои ишғоли мансабҳои иҷрочӣ ва мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ зарур мебошад.
Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Эзоҳ: ариза ва ҳуҷҷатҳо доир ба озмун аз рўзи нашри эълони мазкур дар мӯҳлати 21 рўз дар шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 8 (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи сеюм) қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 228-98-36; 228-98-29.