16 июли соли 2024 дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо иштироки сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ ва роҳбари барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон муҳтарам Александр Танассе семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар партави соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтани боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар амал татбиқ намудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун, риояи қонунгузории кишвар ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Зимнан сардори Хадамот вобаста ба иҷрои суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ибрози андеша карданд. Аз ҷумла зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин таъкид намуданд, ки масъалаи ташвишовари дигар ин тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани баъзе аз сокинони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад. Роҳбари мақомот Саидвализода Б.С. таъкид намуд, ки кормандони мақомот уҳдадоранд, ки моҳияти қонунгузории кишвар, эҳтиром ба қонун, ҳимояи манфиатҳои давлат ва мардум, гиромидошти ваҳдат, дастовардҳои Истиқлолиятро таҳким бахшанд, тарғибу ташвиқ намоянд ва барои боз ҳам ободу зебо, рушду тараққиети кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад. Дар асоси Қонуни мазкур "Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти иҷро" дар таҳрири нав қабул гардид. Аз тарафи роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот муҳтавои Қонун ва Дастурамали болозикр ба ҳозирин фаҳмонида шуд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ яке аз омилҳои асосии расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ мебошад.