1 сентябри соли 2024 роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба «Рӯзи дониш» дар толори Хадамот дастаҷамъона тамошо намуданд.
Пас аз анҷоми суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои асосии мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майори милитсия муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ таъкид намуд, ки суханҳои пурмуҳтавои Пешвои муааззами миллат на танҳо ба соҳаи маориф, балки ба ҳама намояндагони қишри ҷомеъа тааллуқ дорад ва моро зарур аст, ки пайваста дониши хешро сайқал диҳем ва ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоем.
Ҳамчунин, мавсуф таваҷҷуҳи кормандонро ҷиҳати иштирок дар озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» ҷалб намуда, таъкид намуд, ки кормандони Хадамотро зарур аст, ки дар озмунҳои мазкур фаъолона ширкат намоянд.
Сардори Хадамот таъкид ба амал овард, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, инчунин насли ҷавони кишвар саҳмгузор буда, суханҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба «Рӯзи дониш» ироа гардиданд, сармашқи кори хеш қарор диҳем.