6-уми сентябри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол, хусусан сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик бармеоянд.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи ҳар яки мову Шумо мебошад чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саъю кушиш намуда, содиқона ба он хизмат намоем.
Сипас, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, шоирон Бузургмеҳри Баҳодур, Муҳриддин Сабурӣ ва кормандони Хадамоти иҷро баромад намуда, аҳамияти бузург доштани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули давлатдории тоҷикон қайд намуданд.
Дар охири ҳамоиш барои ноил гардидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ як қатор кормандони мақомот бо унвони ифтихории «Кормандии фахрии мақомоти иҷро», рутбаҳои дараҷавӣ, тахассусӣ ва «Ифтихорномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.