11 октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти кормандони Хадамот дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ ҷаласаро ифтитоҳ ва рўзномаи онро баррасӣ намуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 муовини сардори Хадамот Холиқзода А.Ғ. гузориш дод.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои иҷро вилоятҳои Суғду Хатлон, муовини сардори раёсати иҷро дар ВМКБ, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, ситонидани маблағи пардохти иҷро ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.