19 марти соли 2025 таҳти раёсати сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтам Абдуллозода доир ба таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти Хадамот дар ду моҳи корӣ ва татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» аз 8 январи соли 2025, №911 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа нахуст қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025 дар бораи муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборзода Динора Зуҳал қироат карда шуд.
Маълумот дода шуд, ки Ҷабборзода Динора Зуҳал аз кадрҳои ҷавону болаёқат буда, то ин дам дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори раёсат дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва сардори Хадамот ба корҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу намуданд.
Сипас доир ба таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамот дар ду моҳи корӣ гузориши сардори раёсати ташкил ва иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро Амонзода А. шунида шуда, ба масъулини воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» ва оид ба раванди рақамикунонӣ дар сохторҳои ҳудудии шаҳри Душанбе сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеа Насимӣ Н. гузориш дод.
Сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода таъкид намуданд, ки ба масъалаи рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати ҳар чӣ зудтар гузаштан ба рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро тадбирҳои муассир андешанд.