Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба «Рӯзи дониш»
17 августи соли 2024 бо мақсади сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.
16 июли соли 2024 дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо иштироки сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ ва роҳбари барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон муҳтарам Александр Танассе семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар партави соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
9-уми июли соли 2024 ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти иҷро вобаста ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат Абдумаҷид иштирок доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд.
5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.
4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» дар мавзӯи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор» иштирок карданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Рӯзи 3 июли соли 2024 тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.